Бемор?

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Духтари бемор (Den syge pige) рассом, Анкер Микаэл (соли 1882)
Духтари бемор (Den syge pige) рассом , Анкер Микаэл ( соли 1882 )

Бемор? ё мариз? ( лотин? : morbus ) ? ба но?ин?ор? дар бадан ва равон мег?янд, ки ба иллати норо?ат?, ихтилоли амалкард ё таниш дар бемор ё сайри афроди муртабит бо ? э?од мегардад. Албатта бояд миёни бемор? ва сайри ?олат?ои пизишк? монанди хастаг?, заъиф?, касолат ва анд?? тафовут гузошт [1] .

Омил?ои беморизо [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Одам аз таъсири омил?ои ба организм зарарнок (омили касалиовар) бемор мегардад (агар таъсири он?о аз имконият?ои му?офиз? ё талофии организм з?ртар бошад). Барои пайдоиши бемор? як маротиба таъсир расондани омили беморизо (масалан, зарбу лат, за?ролуд?) кифоя аст. Аз таъсири дуру дарози омил?ои мазкур (масалан, муттасил вайрон кардани тартиби та?зия боиси дарди меъдаю р?да, пурх?р? боиси ихтилоли мубодилаи модда?о ва фарбе?? мегардад) низ кас бемор мешавад. Ну?си инкишоф ё ну?си ирс? (ниг. Бемори?ои ирс? ) низ сабаби бемор? мегардад.
Омили беморизо баробари ба организм зарар расонидан, аксуламали му?офизат? ва мутоби?ати онро ба кор медарорад. Яъне бемор? одатан ду протсесси дорои робитаи мута?обил ? осеб ва му?офизатро дарбар мегирад. масалан, ?ангоми илти?об ?ам бофта?о иллат меёбанд ва ?ам дар манбаи илти?об за?ри бактерия?о ?амъ омада, ин мавзеъ бо хун ни?оят хуб таъмин мешавад, фаъолияти ?у?айра?о афзуда, бофтаи иллатиро аз ма?сули та?зия тоза мекунад, ба?ри зуд бар?арор шудани он ёр? мерасонад. Дард бонги иллат аст. Аз тарафи дигар, таассури мутоби?ати аз ?ад зиёд метавонад ?араёни бемориро вазнин гардонад. масалан, ?ангоми ?ай ва ис?ол модда?ои зарарнок ва за?ролуд аз меъда ва р?да мераванд ва бо ?амин сабаб организм ба об м??то? гардида, дарди сахт метавонад боиси шок шавад.
?ар бемор? ихтилоли фаъолияти организм аст. Зу?уроти он аксар ва?т дар як узв ё силсилаи узв?о ба мушо?ида мерасад. масалан, захми меъда як зу?ур бошад ?ам, сарчашмаи он ихтилоли хун ва решмараз буда, аслан о?ибат халал ёфтани кори силсилаи асаб?ост (бинобар ихтилол ва эмотсия?ои манф?, изтироби р??? ё ?исмон?). ?аму анд??, тарзи ?аёти номураттаб, вайрон кардани тартиби ме?нату истиро?ат, та?зия ва ?оида?ои бе?дошти шахс?, ?амчунин тамокукаш? ва майпараст?, ки организмро заиф сохта, мубодилаи модда?о ва фаъолияти силсилаи асабро вайрон мекунанд, о?ибат бемор? меоранд. ?ар гуна осеби ?узъ? низ боиси ин ё он иллат мегардад, аз ин р? бе?дошти тандуруст? ба омодагии тамоми неруи организм вобаста аст. масалан, дар аснои иллати фасодноки ?узъ? ? думбал, пучак, ва ?афтп?ст, одатан, зу?уроти умум? (баланд гаштани ?арорати бадан, таб, камишти?о?, суст? ва ?айра) мушо?ида мешаванд.
Сабаб?ои пайдоиши бемори?о гуногун мебошанд. Бемор? метавонад аз таъсири як ё чанд омил ба ву?уд ояд. масалан, бемори?ои сироят? ва паразит? дар нати?аи ба организм таъсир кардани бактерия?о, вирус?о, занб?ру??ои микроскоп?, кирм?ои бемориангез ва ?айра инкишоф меёбанд. ?ар як бемории сироят? ангезандаи муайян дорад. Аммо бисёр микроорганизм?о дар организм?ое, ки неруи му?офизиашон суст аст, инкишоф ёфта, боиси бемор? мешаванд. Бисёр иллат?о бо сабаб?ои гуногун сар мезананд. масалан, газаки меъда (илти?оби пардаи луобии меъда) дар нати?аи дуру дароз вайрон кардани тартиби истеъмоли х?рок, с?иистеъмоли н?шоки?ои спиртдор, тамокукаш?, ихтилоли мубодилаи модда?о ва ?айра инкишоф меёбад. Вазъи организм, имконият?ои му?обилат ва мутоби?ати он низ ба пайдоиш ва ?араёни бемор? мусоидат менамоянд. Масалан, аз таъсири омили беморизо агар як шахс бемор шавад, пас шахси дигар бемор нашуданаш мумкин. Ё ?амон як бемориро ?ар кас ба таври гуногун паси сар мекунад.

Таснифоти бемори?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бемори?о шадид, шадидмонанд ва музмин мешаванд. Инкишофу ?араёни бемории шадид чор давра дорад:

  • ни?он?
  • о?оз
  • ав?
  • хотима.

Давраи ни?он? (дар бемори?ои сироят? давраи инкубатсия) муддатест аз ла?заи таъсири омили бемориовар то пайдоиши нишона?ои аввалини клиникии бемор? Давраи о?ози бемор? муддатест аз падидоии нишона?ои аввалини клиникии бемор? то пурра инкишоф ёфтани аломат?ои он. Дар ин давра аломат?ои умумии бисёр бемор? (дарди сар, вара?а, табларза, бе?ол? ва ?айра) мушо?ида мешаванд; аломат?ои хоси бемор? дертар, яъне дар давраи ав?и бемор? зо?ир мегарданд. Дар давраи о?ози бемор? ташхиси аломат?ои хоси он номумкин аст. Дар давраи ав?и бемор? аломат?ои хос падид меоянд. Вале баъзан он?о чандон аён нестанд (шакли муб?ами касал?) ё пурра инкишоф наёфта, нест мешаванд (шакли нотамом). Агар ба бемор? ягон ориза (о?ибати ногувори бемории асос?) ?амро? шавад, пас ?араёни он метавонад та?йир ёбад. Давраи хотимаи бемор? зуд, нога?он (ё б??рон) ва тадри?ан мегузарад. Бемор? пурра ё нимкора шифо меёбад. Та?йироти ?иддии ягон узв ё силсилаи узв?о ба он оварда мерасонад, ки мариз? шакли музмин гирад. ?ангоми шифои комил фаъолияти м?ътадили организм бар?арор хо?ад шуд. Баъди бисёр бемори?ои сироят? организм нисбат ба он?о масуният (иммунитет) пайдо мекунад. Го?о фаъолияти организм м?ътадил мегардад, вале аз баъзе иллат?ои бо?имонда кори ин ё он узв но?ис мемонад (шифои нопурра). Бемор? музмин шавад ?ам, тартиб ва табобати таъйинкардаи духтурро давом бояд дод, вагарна бемор? боз ав? мегирад.
Муоли?аи сарива?т? ва риояи ?атъии таъйиноти духтур омил?ои му?ими рафъи бемор? мебошанд. Пас, агар шахс андаке нотоб шавад, бояд ?атман ба духтур муро?иат намояд. Худмуоли?а ё ?атъи худсаронаи табобат хатарнок аст. Чунин беэътиноии бемор ба пайдоиши ориза?ои бемор? ва музмин гаштани он, корношоям? ва марг оварда мерасонад.
Илми тиб масъалаи бемориро муштарак (комплекс?) ?ал мекунад. Сабаб ва шароити пайдоиш ( этиология ), тарзи ?араён, бемори?ои ало?ида, тари?и му?офизат, патогенез, хусусият?ои ?араёни клиник? ва аломат?ои бемори ?ои гуногун дар як?ояг? ом?хта мешаванд. Дар ин асос усул?ои ташхис, табобат ва пешгирии бемор? муайян карда хо?анд шуд. Пешрафти тад?и?оти биолог?, тибб?, клиник? ва риво?и техникаи тибб? ба инкишофи усул?ои ташхиси лаборатор? мусоидат кард. Агар он?о бо шароити пайдоиш ва хусусият?ои ?араёни клиникии бемор? му?оиса нашаванд, пас а?амияти ?алкунандаи ташхис? пайдо намекунанд. Рафту ?ангоми муоинаи бемор зу?уроти клиникии бемор? ба шикоят?ои ? мувофи? наоянд ва усул?ои асосии тад?и?от (муоина, та?лили хун, пешоб, тад?и?и рентгенолог? ва ?айра) маълумоти коф? нади?анд, дар он сурат та?лил ё усул?ои ташхиси амал? ни?оят заруранд.

На?шаи табобати ?ар бемор ало?ида аст. Духтур ?ангоми табобат хусусият?ои фардии инкишоф ва ?олати организми бемор, бемори?ои аз сар гузаронида, шароити ме?нат ва зиндагии ?ро ба назар мегирад. ? ба ду маризи бемориашон якхела дору?ои гуногун таъйин мекунад, чунки агар як дору ба як бемор шифо бахшад, ба бемори дигар метавонад зарар оварад. Пас, худмуоли?а хатарнок аст. Духтур доруеро таъйин мекунад, ки ба сабаб (табобати этиолог?, масалан, истеъмоли дору?ои зиддибактерияв? ? ?ангоми бемори?ои сироят?) ва тарзи инкишофи бемор? (муоли?аи патогенез?, масалан, истеъмоли гормон ё фермент дар ?олати норасоии он) таъсир мерасонад. Духтур инчунин давоеро мефармояд, ки нишона?ои вазнини клиникии бемориро рафъ месозад (масалан, дору?ои рафъи дард, зидди сурфа, хобовар). Бинобар судмандии тадбир?ои ёрирасони неруи му?офизат ва му?обилияти организм баробари табобати махсус ба мариз истеъмоли витамин?о, х?роки сер?изо ва ?айраро низ мефармоянд. Духтур дар ?ар давраи бемор? метавонад табобатро та?ийр дода, дору?ои нав, муоли?аи физиотерапевт? (ванна?о, бар?шифо?, муоли?а бо нур ва ?айра), варзиши шифо?, мас? ва ?айра таъйин кунад. Табобати бисёр бемори?о оромии р??ию ?исмонии беморро талаб менамояд. Дар давраи ав?и бемор? бистар? гаштан ба ма?сад мувофи? аст. Самараи табобат, хусусан дар шароити хона, ба ниго?убини дурусти бемор (бечуну чаро и?ро кардани таъйиноти духтур) вобастаг? дорад (ниг. Ниго?убини бемор ).
Агар як аъзои оила бемор шавад, фикру зикри дигарон ба ? ?алб мегардад. Бинобар ин худи мариз бояд ба шифоёб? к?шад, ба вазъи худ дуруст муносибат намояд, ?ар чи зудтар ба шароити беморхона одат кунад. Муносибати дурусти аъзои оила ба бемор бисёр му?им аст. ?амдард?, ?амхор?, ором?, ё баръакс, беписанд?, ?ар яке аз он?о хоса таъсире дорад. ?амхории самим? беморро пурто?ат мекунад, табобатро метезонад; бепарво? ё тундмизо?ии атрофиён беморро шикастадил менамояд. Муносибати хешовандон ба бемор бояд мувофи?и масли?ати духтур бошад. Духтур вобаста ба р??ияи бемор тавсияи ба ма?сад мувофи? меди?ад.

Пешигирии бемори?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Пешгирии бемори?о ба шахс? ва ?амъият? ?удо мешавад. Системаи давлатии ?ифзи тандуруст? тадбир?оеро дарбар мегирад, ки афзоиши нек?а?вол?, шароити бехатари ме?нат, бе?созии шароити манзил ва зиндагон?, му?офизати му?ити зист, бе?будии санитар? ва ободии ?ой?ои а?олинишин, тара??ии оммавиии варзиш ва кору истиро?ати ме?наткашонро таъмин месозанд. Му?офизати модарон ва к?дакон зу?уроти ?амхории хоси давлат, кафолати боэътимоди саломатии насли наврас аст. Кумаки деспансер? ба кормандони тиб имкон меди?ад, ки саломатии а?олиро назорат кунанд, хуру?и бемори?ои музмин ва инкишофи бемори?ои навро пешгир? намоянд.
Бо ву?уди ин, э?тиёт кардани саломатии худ ва аъзои оила вазифаи ?ар як шахс аст. Агар кас ?ами саломатии худро нах?рад, пас ?ама саъю к?шиши духтурон барабас меравад. Риояи ?оида?ои бе?дошти шахс?, обутоби организм, маш?ул шудан ба варзиши бадан, пеш гирифтани тарзи ?аёти солим, риояи тартиби ме?нат ва истиро?ат, ?изои муносиб, даст кашидан аз одат?ои бад (с?иистеъмоли н?шоки?ои спиртдор, тамоку, бадахло?ии ?инс?) ? ин ?ама ба саломат? ва фаъолияти э?одии ?ар як ша?рванди ?ум?ур? мусоидат мекунад.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]