Бодиринг

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Бодиринг
Бодиринг
Меваи бодиринг
Таба?абандии илм?
Номи байнулмилалии илм?
Cucumis sativus L. , 1753

Бодиринг ( лот. Cucumis sativus ), бодранг , хиёр ? рустаниест яксолаи полиз?.

Тавсифоти гиё?шинохт? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Тасвири гиё?шинохт? аз китоби О. В. Томе Flora von Deutschland, Osterreich und der Schweiz ≫, 1885

Дарозии палакаш 1,5?2 м. Баргаш дандонадор, гулаш ?ифшакл. Мевааш дарозу борик, сабз; ?ангоми пурра пухта расидан зарди т?рдор мешавад. Бодиринг аслан аз минта?а?ои тропикии ?индустон аст. Дар То?икистон бодирингро аз а. 16 мепарваранд. Бодиринг зироати равшан?, нам? ва гармид?ст буда, дар хоки ?осилхез, ?арор. 25?270С ва 60?80% будани намнок? хуб нашъунамо меёбад. Ум?и кишти тухм? 10?27 см, меъёри кишт 5?7 кг/га. Тухми бодиринг дар ?арорати 12?13°С саросар неш мезанад. ?осили бодирингро баъди 60?85 р?зи кишт 23?31 маротиба ме?ундоранд. Бодирингро дар гармхона?о низ мепарваранд. Дар То?икистон бодиринг?ои навъи ≪Мар?елонии 88≫, ≪Мар?елонии 882≫, ≪Дониш 175≫, ≪?исории 132≫ кишт карда мешавад.

Парвариши бодиринг дар шароити хона

Хосияти шифо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бодирингро барои тарх?р? ва очоронидан, инчунин дар х?риш?о истифода мебаранд. Таркиби бодиринг аз сафеда, ?анд, нас?, о?ар, кислота?ои органик?, витамин?ои В, С, РР, Е, микроунсур?о иборат аст. Бино ба маълумоти Абуалии Сино , бодиринг таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро ?увват мебахшад, ?ангоми бемори?ои ?игар муфид аст. Ба а?идаи Му?аммад ?усайни Шероз?, бодиринг ?исмро тоза ва сард мекунад, барои меъдаи гарм ва илти?оби масона муфид аст, шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад. Тухми бодиринг низ давои пешоброн аст, ?абзиятро кушода, раг?оро тоза мекунад. Вале он бод ?осил карда, боиси сар задани ?улан? мегардад.

Табибони хал?? бодирингро чун ?изои пар?ез?, ис?оловар, пешоброн, талхарон, ишти?оовар ба кор мебаранд. Оби бодиринг барои равондани до?и кун?идак ва гармича нафъ дорад. Бо ??шидаи решаи бодиринг зардпарвинро муоли?а менамоянд. Оби бо асал омехтаи бодиринг давои сурфа аст.

Истеъмоли бодиринг тарашш??и шираи меъда ва талхаро зиёд, кори узв?ои гуворишро бе?тар, ?абзиятро пешгир? мекунад. Он хусусан барои одамони гирифтори иллати ?о?ар ва дарди санги пешобдон муфид аст. Бодиринги очоронида ва намакин низ сер?изо мебошад, вале бинобар зиёд кардани шираи меъда ба ашхоси гирифтори гастрит ва захми меъда зиён дорад. Аз бодиринг барои пардоз лосён?ои гуногун та?ия карда мешаванд. Баъди истеъмоли бодиринг н?шидани оби хунук ё газдор, лимонад, шир ?оиз нест. Модарони ширхорадор низ бояд ?ангоми истеъмоли бодиринг э?тиёт бошанд, зеро бисёр модда?ои таркиби он ба шири сина мегузаранд ва имкон дорад, ки к?дакро дарунрав кунанд.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел ≪Системы APG≫ статьи ≪Двудольные≫ .

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  • Огурцы. М., 1963; Сабзавоткории То?икистон. Д., 1972;
  • Марков В. М. Овощеводство. М., 1974;
  • Нуралиев Ю. Лекарственные растения. Д., 1988;
  • Зо?идов ?. Канзи шифо. Д., 1998;
  • Разделова С. Ю. Всё о лекарственных растениях на ваших грядках. М., 2010.
  • Юсуф Нуралиев , Лекарственные растения, Д., 1988;

Сарчашма [ вироиш | вироиши манбаъ ]