Фотима ?уломова

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Фотима ?уломова
Таърихи таваллуд: 31 декабр 1935 ( 1935-12-31 )
Зодго?: но?ияи Ша?ринав , ?ШС То?икистон
Таърихи даргузашт: 1 март 2021 ( 2021-03-01 ) (85 сол)
Ма?алли даргузашт: Душанбе , То?икистон
Ша?рванд?:   То?икистон
Касб: ?унарпеша
?оиза?о:

Фотима ?уломова ( ?уломова Фотима ?асановна ; 31 декабри 1934 , но?ияи Ша?ринав , ?ШС То?икистон  ? 1 марти 2021 , Душанбе , То?икистон ) ? ?унарпешаи театр ва синамои то?ик, ?унарпешаи шоистаи ?ШС То?икистон (1990).

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фотима ?уломова 31 декабри соли 1934 дар но?ияи Ша?ринав, дар хонаводае, ки ба фар?ангу ?унари То?икистон як силсила шахсият?ои бар?аста додааст, ба дунё омадааст. Хо?араш Со?ида ?уломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр ?уломов ?унарпеша?ои шинохтаи театру синамои то?ик мебошанд [1] .

Гузаштагонаш дар вилояти Систони Эрон мезистанд ва падараш ?асани ?улом тадри?ан ба сиёсат гаравид ва чун аз андеша?ову ?оя?ои коммунист? пуштибон? мекард, ?атори сад?о рушанфикрони коммунист ба Итти?оди Ш?рав? омад. Аз Маскав ?ро ба То?икистон эъзом карданд. Ин ?о низ ?ро лозим омад дар сафи Артиши Сурх хидмат кунад ва дар ?анг?о зидди душманони ?окимияти Ш?ро?о ?ангад. Баъдан ба кор?ои ом?згор? маш?ул шуд, мактаб бунёд кард ва худи Нусратулло Махсум ?ро дар мактаби бунёдкардааш директор таъйин кард [2] . Фотима ?уломова аз хурд? ме?ри ?унар дар ?албаш буд, аммо падараш тавсия меди?ад, ки ба Донишкадаи ом?згор? дохил шавад. Аммо, зимни та?сил дар соли саввум ?ро ба Институти дав­латии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи ша?ри Маскав мефиристанд [3] . ? як?о бо ?унармандони маъруфи то?ик Ма?муд?он Во?идов , ?ошим Гадо ва Марям Исоева ин донишкадаро хатм кард [4] .

Хонавода [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фотима ?уломова ?амсари ?абибулло? Абдураззо? ва модари коргардони маъруф Барзу Абдураззо?ов мебошад [5] .

Фаъолияти кор? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ?ум?уриявии маз?акаи муси?ии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (?оло Театри маз?акаи муси?ии ба номи Камоли Ху?андии ша?ри Ху?анд) о?оз ёфт. Аз соли 1961 ?унарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Ло?ут?. Фотима ?уломова дар со?аи театр ва кино зиёда аз 100 образ офаридааст.

Театр [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бе?тарин на?ш?ои и?рокардааш дар намоишнома?ои театр?: Хонзода (≪Бой ва хидматгор≫-и ?амза Ниёз?), Гонерил (≪Шо? Лир≫-и В. Шекспир), Гурдофарид (≪Рустам ва Су?роб≫-и Фирдавс?), Нигина (≪Р?дак?≫-и С. Улу?зода), Бунафша (≪Духтари ?ишло??≫-и М. Ибро?имов), Клариче (≪Хизматгори ду хо?а≫-и К. Голдони), шо?духтар (≪Шо?гавазн≫-и К. Готсе), Любочка (≪Камба?ал? айб нест≫-и Н. Островский), Рина (≪Худора?мат?≫-и Б. Нушич), биб? (филми ≪Овора≫-и Г. Му?аббатова), биб? (≪Нишона≫-и А. Зокиров) ва ?. На?ши зани то?икро дар бисёр намоишнома?ову филм?о бо дарназардошти хислат?ои милл? хеле бома?орат бозидааст. Муна??иди асар?ои театр? Римма Кречетова дар ма?аллаи ≪Иные берега≫ (чопи соли 2009) ба ?унари бозигарии Фотима ?уломова дар образи модари аламдор (намоишномаи ≪Омурзиш≫-и Б. Абдураззо?ов) ба?ои баланд додааст. Ин намоишномаро он ва?т Театри давлатии драмаи русии ба номи В. В. Маяковскийи То?икистон дар ?ашнвораи байналмилалии ?унарии ≪Дидор дар Русия≫ (Встречи в России) ба намоиш гузошта буд, ки Фотима ?уломова ро мин?айси як ?унарманди бузург муарриф? кард ва дар Порис тамошогарон ма?з ба хотири ?амин на?ши ? 40 да?и?а росто кафк?б? кардаанд.

Синамо [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фитима ?уломова дар чанд филм дар на?ш?ои хурд ва ё ла?за?, ки дар Душанбе ба навор гирифта шудаанд, иштирок кардааст [6] . ? дар филми ≪ Овора ≫-и Далер Ра?матов на?ши бибиро бозидааст [7] .

Даргузашт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фотима ?уломова 1 марти соли 2021 дар 86-солаг? дар ша?ри Душабе даргузашт [4] ва р?зи 2 март дар оромго?и ≪Сариосиё≫-и ша?ри Душанбе ?ро ба хок супурдаанд [8] .

Нигаред низ [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. Муллора?аб Юсуф?. Со?ида ?уломова даргузашт (то?.) . Радиои Озод? (10 марти 2018). 2 марти 2021 сан?ида шуд.
  2. Маэстро Исфандёр ?уломов . www.pitfi.tj . Паж??ишго?и илм?-та??и?отии фар?анг ва иттилоот. 2 марти 2021 сан?ида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 августи 2018 .
  3. Фотима ?уломова, ?унарпешаи маш?ури театр ва синамо 85-сола шуд. ВИДЕО (то?.) . Радиои Озод? . 2 марти 2021 сан?ида шуд.
  4. 4.0 4.1 Фотима ?уломова даргузашт. ВИДЕО, САДО (то?.) . Радиои Озод? . 2 марти 2021 сан?ида шуд.
  5. ?унарманди маъруфи дигар То?икистонро тарк кард (то?.) . www.bbc.com . BBC Tajik/Persian. 2 марти 2021 сан?ида шуд.
  6. Фотима ?уломова: Аз дубора шав?ар накардан пушаймон нестам! (то?.) . oila.tj . 2 марти 2021 сан?ида шуд.
  7. Бозгашти "Овора"-и То?икфилм аз Зидд? (то?.) . Радиои Озод? . 2 марти 2021 сан?ида шуд.
  8. Муллора?аб Юсуф? . Фотима ?уломоваро дар оромго?и "Сариосиё" дафн карданд. ВИДЕО, АКС (то?.) , Радиои Озод? . Проверено 3 марти 2021.

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]


Пайванд?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]