Бозор Собир

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Бозор Собир
Таърихи таваллуд: 20 ноябр 1938 ( 1938-11-20 )
Зодго?: де?аи Суфиён , но?ияи Файзобод , ?ШС То?икистон
Таърихи даргузашт: 1 май 2018 ( 2018-05-01 ) (79 сол)
Ма?алли даргузашт:
Ша?рванд? (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: то?ик?
?оиза?о:
bozorsobir.com

Бозор Собир ( форс?: ????? ???? ‎; 20 ноябри 1938 , де?аи Суфиён , но?ияи Файзобод , ?ШС То?икистон  ? 1 майи 2018 , Сиэтл , ИМА ) ? шоири маъруфи то?ик. Барандаи ?оизаи давлатии То?икистон ба номи Абуабдулло?и Р?дак? (1988). Узви Иттифо?и нависандагони То?икистон (1973).

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бозор Собир дар 20 ноябри соли 1938 дар де?аи С?фиёни но?ияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ?а?он кушод. Падараш дар ?анги ?а?онии дувум ша?ид шуда буд. Баъд?о Бозор гуфтааст:

Дар сари к?ча?ои Файзобод,
Чашм ба ро?и ку?на шому са?ар.
К?дакиам ?ан?з гирён аст,
Дар кафи ? хатти сиё?и падар.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии ша?раки ?исор ба даст овард ва соли 1962 Донишго?и давлатии То?икистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии то?ик? хатм кардааст.

Корнома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Ходими адаб? ва мудири шуъбаи ?афтаномаи ≪Маориф ва маданият≫ (то соли 1975), мудири шуъбаи назми ма?аллаи ≪Садои Шар?≫ (1975?1979), ?онишини раиси Ш?рои назми ИН То?икистон (1979?1981), мушовири шуъбаи назми ИН То?икистон (1981?1990), вакили мардум? дар Ш?рои Олии ?ШС То?икистон (1990?1991) [1] .

Э?од [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Нахустин шеър?ои Бозор Собир сол?ои 60 асри 20 дар матбуоти То?икистон ба табъ расиданд. Муаллифи ма?м?а?ои ≪Пайванд≫ (1972), ≪Оташбарг≫ (1974), ≪Гули хор≫ (1978), ≪Мижгони шаб≫ (1981), ≪Офтобни?ол≫ (1982), ≪Оташбарг≫ (1984; бо ?уруфи форс?, соли 1990 ба забони рус?), ≪Бо чашидан, бо чамидан≫ (1987), ≪Чашми сафедор≫ (1991), ≪Симхор≫ (1995), ≪Аз Ватан ва?те ки мерафтам≫ (1999), ≪Аз гули хор то симхор≫ (2003), ≪Шоиру шеъре агар ?аст≫ (2004), ≪Хуни ?алам≫ (2010), ≪Лолаи сиё?≫ (2010). Инчунин баргузидаи ашъораш соли 1995 дар ?ИЭ (≪Баргузидаи ашъори устод Бозор Собир≫) ба табъ расид [1] .

Мавз?ъи ашъор [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бозор Собир шоири лирик аст. Мавз?ъ?ои ашъораш ба олами ?иссиёт, махсусият?ои идрок, доираи ?а?онбин?, па?лу?ои дунёфа?м? ва меъёр?ои инсоншиносии ?а?рамони лирикии шеър сахт вобаста мебошад. Хусусияти субъектив? ва эътибори лиризми ?ая?онбахшу андешапарвар дар тамоми анвои шеъри Бозор Собир бар мабдаъ ва ?анбаи объектив? бартарии комил дорад. Ба ин маън? дар назми тасвир?, ашъори манзарав? ва оши?онаи ? тасвир?ои равонию драматик? кам нестанд. Дар шеъри Бозор Собир ру?ияи худи шоир ва ?иссиёту андеша?ои ботинии ? нисбат ба а?ли за?мат зикр шудааст. Дар шеър?ояш ?алли масъала?ои и?тимо? бар таърихият ва инсонд?ст? асос ёфта, ба тавассути андеша?о, муло?изаву му?окима?ои фалсаф? ифода шудаанд. Маф?ум ва тасвири Ватан дар ашъори Бозор Собир пайваста бо са?фа?ои таърих ва такмили дарку э?соси ?а?рамони лирик? та?аввул ёфта, мазмунан ами? аст ва ба шахси ?а?рамони лирик? пайванд? дорад:

Агар мо дарду ?ам дорем,
Ватан ?ам дарду ?ам дорад…
Ватан хунест, к-он дар ша?раги хунгарди мо ?орист…
Ватан бо мост.
Шукри обу хоку оташаш, мо низ бо ?ем.
Дар олам хоми моро оташи ? метавонад пухт,
Дар олам хушки моро метавонад оби ? тар кард.

Пайванди ?астии инсон, хал? бо Ватан мазмуни ?оявии бисёр шеър?ои Бозор Собир-ро ташкил меди?ад (≪К??истон≫, ≪Хати сурх≫, ≪Хона≫, ≪Шабе дур аз Ватан≫). Дар як ?атор шеър?ои ?, ки ба мавз?и Ватан марбутанд, назари таърихии ?а?рамони лирик? ма?оми махсус дорад. Дар он?о са?ифа?ои ?а?рамонию фо?еаомези таърихи хал?у Ватан аз э?сосу тафаккури ?а?рамони лирик? гузашта, манзара?ои драматикии ?аёту муборизаи а?доди хал?и то?ик, фарзандони бар?манди ? ба?ри озодию обод? ба ?илва меоянд (≪Забони модар?≫, ≪Те?и Сино≫, ≪Бухоро≫, ≪Ман худамро кушта-кушта≫ ва ?.). Як силсила шеър?ои Бозор Собир ба васфи То?икистон, зодго?, к??истони диёри офтобиамон бахшида шудааст (≪То?икистон≫, ≪Дар о??ши к??истон≫, ≪Душанбе≫, ≪?асад мебарам≫). Дар шеър?ое, ки шоир дар бораи ашхоси маъруфи гузаштаву имр?за навиштааст, тавассути образи баде? пайванди шахсро бо хал? ва Ватан таъкид намудааст (≪Фирдавс?≫, ≪Му?ассамаи Айн?≫, ≪?исмати шоир≫, ≪Туро ?амчун Бухоро д?ст медорам≫, ≪Сафаре ба дил?о≫ ва ?.). Як ?исми му?имми э?одиёти Бозор Собир ба васфу тараннуми за?мати фидокорона ва корнома?ои таърихии хал?и ш?рав? (≪Кафшер≫, ≪Антигона≫, ≪Сарбоз≫, ≪Пирамард≫), ба ситоиши де??они то?ик (≪Фарзанди де??он≫, ≪Мо к?дакон будем…≫), ба ёди айёми к?дакию наврас? (≪К?дак? ку?≫ ≪К?дакиям ?ан?з гирён аст≫ ва ?.) бахшида шуда, ?амаи ин шеър?о саршори о?анг?ои граждан? мебошанд [1] .

Дар ашъори Бозор Собир тасвири манзара?ои табиат пайваста бо вазъу ?олат?ои гуногуни ?а?рамони лирик? омада, воситаи ифодаи ?алаёни фикру андеша, о?анг?ои и?тимо? ва ?иссиёти оши?она мегардад (≪Ширма?тоб≫, ≪Барф≫, ≪Абр?о≫, ≪Тирамо?≫, ≪Борон≫, ≪Дар зери шаршара≫ ва ?.).

Ма?ому манзалати инсон дар ?амъият, масъулияти шоир дар назди таърих ва башар, мо?ият ва ма?саду вазифа?ои каломи бадеъ дар ?аёти инсоният мундари?аи як силсилаи шеър?ои Бозор Собир-ро ташкил меди?ад (≪Асп≫, ≪Пас аз мо≫, ≪Ро??о≫, ≪Са?на≫), муро?иат ба во?еа?ои ?удогонаи асри 20 боиси дар э?одиёти Бозор Собир ба миён омадани шеър?ое гардидааст, ки дар он?о андеша?ои и?тимоию фалсафии шоир оид ба имр?зу фардои башар ифода гардидаанд (≪К?ч мебандам≫, ≪Асри XX≫, "Ба хотираи ≪Союз-11≫). Ашъори иш?ии Бозор Собир нарму бе?аш, саршори суруру шодмон?, ?аму ?усса, умедворию навмедист, ки ?ама хосият?ои оши?он мебошанд.

Ашъори Бозор Собир дар ташаккули шеъри муосири то?ик на?ши намоён гузоштаанд. ? яке аз пешгомони шеъри тасвир? дар адабиёт ва назми муосири то?ик аст. Дар шеъри Бозор Собир унсур?ои ву??ъг?ию романтизм, сентиментализму имажинизм ба ?ам омада, боиси гуногунрангии тобиш?ои услубии э?одиёти ? гардидаанд. Биниши зебоипарастию бадеии Бозор Собир бар дардошноию хайрхо?? нисбат ба падидаву ?одисоти му?ит асос ёфтааст. Дар баъзе шеър?ояш таъсири шеъри нави Эрон ба назар мерасад (≪Пас аз мо≫, ≪Ситора?о≫, ≪К?ч мебандам≫ ва ?.). Дар ашъори сол?ои охираш пазмон? ба Ватан, ёди айёми наврасию ?авон?, табиату манзара?ои То?икистон, ашхоси барояш ?арин, гила аз беадолати?ои и?тимоии ?а?они сармоядор? бештар садо меди?анд.

Бозор Собир дар ?олаб?ои анъанав?, ба усули ар?зи озод ва шеъри сафед э?од мекунад. Шогирдони бисёре тарбият кардааст, ки иддае аз он?о ?оло шоирони номиянд (Ра?мат Назр?, Низом ?осим, Парда ?абиб, Сайёди ?аффор ва дигарон). Намуна?ои ашъораш ба забон?ои рус?, украин?, ?збек?, арман?, гур??, литвон? тар?ума шудаанд. Аз осори ?. Байрон, А. Рембо, П. Неруда, Г. Аполлинер, Р. ?амзатов, С. Есенин, Э. Межелайтис, М. Светлов, А. Орифов ва дигар адибони хори?ию соби? ш?рав? ба забони то?ик? тар?ума?о дорад [1] .

Му?о?ират [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Дар во?еоти охири сол?ои 80 ? ибтидои 90-уми То?икистон ? ба муборизаи сиёс? гаравида, мав?еи милл?-демократиро пазируфт ва узви ?изби демократии То?икистон буд. Дар фаъолияти хеш ?амчун вакил дар Ш?рои Олии ?ШС То?икистон ба сафи мухолифини ?укумат гаравида камбуди?ои ро?барияти КМ ?изби коммунисти То?икистонро тан?ид мекард.

А?ида?ои сиёсии ? боиси таъ?ибу ?абс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилот?ои баналмилалии ?ифзи ?у?у?и инсон Amnesty International аз ?абс озод шуда, дар соли 1994 ба Маскавва декабри соли 1995 ба ша?ри Сиэтли ИМА му?о?ират карда, он?о ба кори боркашон? маш?ул буд [2] . То мо?и майи соли 2013 ?амон ?о и?омат дошт.

27 майи соли 2013 ба То?икистон бо даъвати ?укумати То?икистон ва президент Эмомал? Ра?мон ба То?икистон баргашт [3] [4] ва дар Душанбе зиндаг? кард.

Бемор? ва даргузашт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бозор Собир чанд соли охир аз бемории ?алб ран? мекашид [5] ва 1 майи соли 2018 дар синни 79-солаг? дар яке аз бемористон?ои ша?ри Сиэтли Вашингтон, ки як мо?и охир табобат мегирифт, даргузашт [6] [7] .

?оиза?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Бозор Собир / А. Абдуманнонов // Боз ? Вичкут. ? Д . : СИЭМТ , 2014. ? ( Энсиклопедияи Миллии То?ик  : [ тахм. 25 ?. ]  / сарму?аррир Н. Амиршо??  ; 2011?2023, ?. 3). ? ISBN 978-99947-33-46-0 .
  2. Нурали Давлат. Бозор Собир. Заблудившийся кумир . asiaplustj.info . ASIA-Plus (19 июни 2015). 17 марти 2023 сан?ида шуд.
  3. Пешвози ?укуматии Бозор Собир дар Фурудго?и Душанбе . (пайванди дастнорас)
  4. Барнои ?одирдухт . Бозор Собир: “Ман ?амон Бозорам, ба касе фур?хта нашудаам” (то?.) , Радиои Озод?  (4 июни 2013). Проверено 17 марти 2023.
  5. А?воли Бозор Собир дар Амрико вазнин шудааст (то?.) . Sputnik То?икистон (5 апрели 2018). 17 марти 2023 сан?ида шуд.
  6. Даргузашти шоири номдори то?ик Бозор Собир (то?.) . Sputnik То?икистон (1 май 2018). 17 марти 2023 сан?ида шуд.
  7. Даргузашти Бозор Собир. Президент ба инти?оли ?асадаш ба ватан дастур дод . www.asiaplustj.info . ASIA-Plus (1 май 2018). 17 марти 2023 сан?ида шуд.
  8. РАО/РО . "Ситораи Президент" - нахустин ордени Бозор Собир. Аммо чаро дара?аи 3? (то?.) , Радиои Озод?  (4 сентябри 2013). Проверено 17 марти 2023.

Пайванд?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]