?абибулло?и Калакон?

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
?абибулло?и Калакон?
форс?: ???? ???? ??????
17 январ  ? 13 октябри 1929
Пешгузашта Иноятулло?хон
?онишин Му?аммад Нодиршо?

Таваллуд 19 январ 1890 ( 1890-01-19 ) [1]
Даргузашт 2 ноябр 1929 ( 1929-11-02 ) (39 сол) ё 17 октябр 1929 ( 1929-10-17 ) [2] (39 сол)
Эъти?од ислом ва сунн?
  Парванда?о дар Викианбор

?абибулло? Калакон? ( форс?: ????????? ?????? ‎, Бачаи Са?о ; 19 январ 1890 / 1891  ? 2 ноябри 1929 ) ? амир , пешвои ш?ришиён, нахустин то?ик , ки дар о?ози садаи XX ба тахти шо?? дар Аф?онистон нишастааст.

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

?абибулло?хони Калакон? 19 январи соли 1890 дар де?аи Калакон , чилкилометрии шимоли Кобул , ки бо номи К??доман ёд мешавад, дар оилаи де??они ангурпарвари то?ик ба дунё омад. Давраи ?авонии ?абибулло?хон дар де?а сипар? шуда, бо маълумоти нопурраи мадраса иктифо менамояд. Барои таъмини маишати зиндаг? дар бозор?о ангур мефур?хт ва машкоб? мекард. Падараш ?ам ин пешаро дошт. Мег?яанд, ки падараш Имомуддини де??он аз рустоиён буда, ки ?ирфаи обрасон? дошта ва дар ма?офил? ?авми ба ме?монон об медод, ва аз ?амин ?и?ат аст, ки ?ро Са??о меноманд [3] .

?абибулло?хон дар 29-солаг? ба хидмати аскар? рафт ва орзу дошт, ки афсари артиш бошад. Шахси далеру нотарс буд ва шу?оати фав?улоддае дошт. Вай дар ?анги сеюми зидди Британия, соли 1919 та?ти ро?барии генерал Нодирхон ширкат варзида, диловарона ме?ангад. Аслан, он ва?т аф?он?о чун мусулмони мутаддайин алай?и а?наб? дар набард буданд. Дар он айём пир?зии Артиши сурх дар Бухоро ва ?алабаи ин?илоби Октябр дар Осиёи Миёна мусулмонони Аф?онистонро сахт ба ташвиш оварда буд. Фирори Олимхон ба Аф?онистон як ?аракати аксулин?илобиро алай?и Ш?рав? дар ин кишвар тавлид кард [4] .

Ба даст овардани ?удрат [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Чун и?домоти исло?ии Амонуллошо? бо тундрави?ои ?амро? буд ва бо р??ияи мардуми элнишин ва суннатии мардуми Аф?онистон созгор? надошт, ба ш?риш ?абоил, мухолифати р??онёну мардум ва саран?ом су?ути ? ан?омид. Дар ин миён ?абибулло?и Калакон?, ки як сарбози маъмулии дар артиши Амонуллошо? буд, амалкард?ои Амонулло?хонро му?оири суннат?о ва арзиш?ои мардум? дониста ва бо пуштибонии уламо ва ра?барони на?шбандия , ки нуфузи бисёр доштанд, даст ба ш?риш зада ва дар Калакон худро фармонравои Аф?онистон хонд ва бо ?увваи худ р?й ба Кобул ни?од. Аз ин р?, Амонулло? аз мавзеъ?ои худ даст бардошт ва исло?отро мутава??иф кард. Амонулло?хон барои аввалин бор дар таърих кишвар занашро бо либоси ?айримаъмул ба сабки Аврупо? р?и са?на овард ва аз мардум хост то он шеваро ба унвони улгу бипазиранд. Аммо бо вокуниш?ои мардум? муво?е? шуд.

?абибулло?хони Калакон? ба ?айси пешвои мардуми Шимоли Аф?онистон бо ро?андозии як ?иёми пурш?ри мардум? 17 январи соли 1929 шо? Амонулло?хонро аз тахт дур сохт. ?аракате, ки ?абибулло?хони Калакон? онро сарвар? кард, сотсиалист? набуд, балки он алай?и на?зати исло?отталабонаи шо? ва зулму ситами ?укумат ма?суб меёфт. Сарвари ин ?иём ?абибулло?хони Калакон?, бо ву?уде ки чанд соле дар мадраса хонда буд, аз сиёсати бузург дур ва та?рибаи давлатдор? надошт. Баромади и?тимоии вай чун шо?и оянда барои тамоми сокинони Аф?онистон, ки дар зулмоту торикии асримиёнаг? ба сар мебурданд ва кишварро ?омеаи ?авм? идора мекард, аз ?ар ниго? на?ши му?им мебозид.

Амир ?абибулло?хон, ки худро ≪Ходими дини Расулулло?≫ мегуфт, бар исло?оти ?арбгароёнаи Амонулло? хатти бутлон кашид. ?авонини мусавваб бавежа ?онуни асосиро ла?в сохт ва молиёт ва аворизро ?айришаръ? хонд ва ?амаро барчид. Дар о?ози кор бештар мардум ба умеди идораи бе?тар ва исломитари кишвар аз ?абиболло? ба хуб? исти?бол карданд, аммо мушкилоти и?тисод? ва амнияти кишвар ба тадри? боис ошуфтагии авзоъ шуд.

Дар ин ва?т генерал Му?аммад Нодирхон, вазири ?анги пешин, ки аз вазири мухтор дар Франса истеъфо карда буд ва дар ша?ри Нис зиндаг? мекард, ба кумаки бародаронаш, г?ё пас аз музокира бо англис?о дар ?инд, ?асди Кобул кард ва саран?ом ба кумаки ?абоил, махсусан афроди ду ?абилаи ?о?? ва вазир? 13 октябри 1929 худро ба он?о расонид ва ша?рро дар ихтиёр гирифт.

Марг [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Баъди та?рибан да? мо?и ?укумат, тирамо?и соли 1929, ва?те амири нави Аф?онистон, Нодиршо?, ки бо ёрии Бритониё ва Русия, ?удратро ба даст оварда буд, ?абибулло?хон ва ёрони ?ро ба ?атл расонд, аммо и?оза надод, ки бино бар ойини мусалмон? дафн карда шаванд [5] .

Дафн [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Намози ?анозаи Амир ?абибулло?хони Калакон?, баъди 86 соли ?атлаш аз тарафи Нодиршо? дар мас?иди Идго?и Кобул хонда ва дубора ба хок супурда шуд.

?арори бахоксупории дубораи Амир ?абибулло?хони Калакон? р?зи 31 августи соли 2016 аз тарафи Абдулло? Абдулло? , раиси и?роияи ?укумати Аф?онистон , содир шуда, маросими дафни ? р?зи якуми сентябр баргузор гардид. Олим Сурур?, узви комиссияи бахоксупории Амир ?абибулло?хон гуфт, ≪ ин як р?зи таърих?, рисолати ви?дон? ва дин? аст ≫. Узви дигари комиссия дар су?бат бо шабакаи ≪Митронюз≫ гуфтааст, бахоксупории ?анозаи Амир ?абибулло?хон тан?о дафни ? нест, ≪ балки дафни кинаву кудурати ?авм? дар Аф?онистон ?аст [6] .

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. Deutsche Nationalbibliothek Record #11921203X // Общий нормативный контроль (GND)   (нем.) ? 2012?2016.
  2. Library of Congress Authorities   (ингл.) ? Library of Congress .
  3. ??? ??? (форс?) . Донишномаи ?а?они ислом .
  4. Бур?он Салмонов. ?абибулло?хони Калакон? . Р?ЗГОР . www.ruzgor.tj. 28 июли 2017 сан?ида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 августи 2017 .
  5. Халилулло?и Халил? дар бораи ?абибулло?хон. Тобути оташин . Салими Аюбзод (1 сентябри 2016). 28 июли 2017 сан?ида шуд.
  6. Тирандоз? дар маросими хоксупории Амир ?абибулло?хон. АКС . Радиои Озод?. 28 июли 2017 сан?ида шуд.

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  • Все монархи мира. Мусульманский Восток. XV?XX вв. ? М.: Вече, 2004. ? 544 с.
  • 100 великих монархов/ К. В. Рыжов ? М.: Вече, 2008. ? 480 с.
  • Камолудин Абдуллаев История в лицах. Бачаи Сако ? удалец из Хорасана
  • Файз Мухаммад. Книга упоминаний о мятеже. М.: Наука, 1988.
  • Naby, Eden, Magnus, Ralph H. Afghanistan. Mullah, Marx, and Mujahid. Colorado & Oxford: Westview Press, 2002
  • Macmunn, George, Afghanistan from Darius to Amanullah, London: G. Bell & Sons LTD, 1929

Пайванд?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]