Фозил То?иров

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Фозил То?иров
То?иров Фозил То?ирович
Таърихи таваллуд 10 июн 1939 ( 1939-06-10 )
Зодго? де?аи П?лодон , но?ияи Конибодом
Таърихи даргузашт 16 август 2022 ( 2022-08-16 ) (83 сол)
Ма?алли даргузашт
Кишвар
Фазои илм? ?у?у?шинос?
Дара?аи илм?: доктори илм?ои ?у?у?шинос?
Унвон?ои илм? академики АИ?Т
Алма-матер Университети давлатии То?икистон (1966)

Фозил То?иров ( 10 июни 1938 , де?аи П?лодон , но?ияи Конибодом  ? 16 августи 2022 , Душанбе , То?икистон ) ? ?у?у?шинос , доктори илми ?у?у? (1988), профессор (1990), академики Академияи миллии илм?ои То?икистон (2008), академики Академияи байналмилалии мактаб?ои ол? (1983), Арбоби шоистаи илм ва техникаи То?икистон (1998).

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фозил То?иров 10 июни соли 1938 дар Конибодом дар хонаводаи То?ир ва Азизбиб? (Олимовна) То?иров ба дунё омадааст [1] . Соли 1966 факултаи ?у?у?шиносии Университети давлатии То?икистонро ба охир расонда, дар ?амин ?о ба фаъолият пардохт.

Фаъолияти кор? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Мудири кабинет, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра (1966-86), проректор оид ба робита?ои байналмилал? (1986?1990), ректори УДТ (1990?1995) [2] , саркотиби илм? (1995?2000), академик-котиби Бахши илм?ои ?амъиятшиносии Академияи илм?ои ?ум?урии То?икистон (2000?2005). Директор-муассис (2005?2006), директори Институти давлат ва ?у?у? (2006?2010), мудири шуъбаи ?у?у?и ислом? ва ?амзамон мушовири илмии Институти фалсафа, сиёсатшинос? ва ?у?у?и ба номи А. Ба?оваддинови Академияи илм?ои ?ум?урии То?икистон (аз соли 2011) [3] ва раиси ?амъияти ≪Дониш≫-и ?ум?урии То?икистон буд [4] .

Фаъолияти илм? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Перомуни таърихи давлату ?у?у?и То?икистон ва мамолики хори??, ?у?у?и дунёи ?адим, муносиботи ?у?у?и оилав? ва шариат, назарияи давлату ?у?у? ва ?айра зиёда аз дусад асару ма?ола навиштааст [5] . Та?ти ро?бар? ва бо машварати Фозил То?иров 20 нафар рисолаи номзад? ва 5 нафар рисолаи доктор? дифоъ кардаанд [3] .

?оиза?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бо медал?ои ≪Барои ме?нати шу?оатнок. Ба муносибати 100-солагии р?зи таваллуди В. И. Ленин≫, ≪10-солагии И?лосияи ХVI Ш?рои Олии ?ум?урии То?икистон≫, ≪20-солагии Исти?лолияти давлатии ?ум?урии То?икистон≫ сарфароз ?адрдон? шудааст [3] .

Даргузашт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Фозил То?иров 16 августи 2022 дар синни 83-солаг? пас аз бемории т?лон? даргузашт [6] .

Осор [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  • Высшие органы государственной власти Таджикской АССР: Дисс… канд. юрид. наук. ? Д., 1971;
  • Демократизм советского социалистического образа жизни. ? Д., 1982;
  • Октябри Кабир ва пойдор гардидани ?у?у?и совет? дар То?икистон=Великий Октябрь и становление советского права в Таджикистане. ? Д., 1984;
  • Становление советского права в Таджикистане. ? Д., 1987;
  • Правовая система Таджикской АССР (1924-1929гг): Учебное пособие. ? Д., 1988;
  • Становление советского права в Таджикистане: Автореф. дис. д-ра юрид. наук. ? М.. 1988;
  • Инкишофи ?у?у? дар То?икистон=Развитие права в Таджикистане. ? Д., 1994;
  • Пятнадцать вопросов и ответов по шариату. ? Д., 1997;
  • Правовая система дореволюционного Таджикистана. ? Д., 1998;
  • Шариат ва танзими муносибат?ои нико?? ва оилав?=Шариат и регламентации брачно-семейных отношений. ? Д., 1999;
  • Таърихи давлат ва ?у?у?и дунёи ?адим. Китоби дарс?. ? Д., 2003;
  • История государства и права Республики Таджикистан. ? Д., 2003;
  • Таърихи давлат ва ?у?у?и мамлакат?ои хори??. ? Д., 2004.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. Fazil Takhirovich Takhirov (англ.) . prabook.com . 16 августи 2022 сан?ида шуд.
  2. Ректор?ои ДМТ (то?.) . 16 августи 2022 сан?ида шуд.
  3. 3.0 3.1 3.2 * Донишномаи Душанбе . ? Д .: СИЭМТ , 2016. ? С. 605. ? 732 с. ? ISBN 978-99947-33-89-7 .
  4. Академияи илм?ои ?ум?урии То?икистон. ?айати шахс?. ? Душанбе: Дониш, 2011. ? 216 с.
  5. Арбобони илми то?ик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрму?аммади Сучон?; Зери та?рири Сайфидин Назарзода. ? Душанбе, 2016. ? 720 с.
  6. Академик, соби? ректори ДМТ Фозил То?иров даргузашт (то?.) . Pressa.tj . ?афтаномаи ≪То?икистон≫ (16 августи 2022). 17 августи 2022 сан?ида шуд.

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  • Фазыл Тахирович Тахиров. Биобиблиография. ? Д., 1999.