Ма?мудхо?а Бе?буд?

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Ма?мудхо?а Бе?буд?
Ма?мудхо?а Бе?буд?
Таърихи таваллуд: 1875 ( 1875 )
Зодго?: вилояти Самар?анд
Таърихи даргузашт: 1919 ( 1919 )
Ма?алли даргузашт: ?арши вилояти Самар?анд
Ша?рванд? (табаият):
Навъи фаъолият: р?зноманигор, адиб, маорифпарвар
Жанр: ?икоя , публитсистика
Забони осор: забони форс?

Ма?мудхо?а Бе?буд? (соли 1875 , д. Бахшитеппаи н. Тайло?и вилояти Самар?анд ? мо?и майи соли 1919 дар ?арш? ба ?атл расидааст). Яке аз ро?барони ?адид?ои Осиёи Миёна , р?зноманигор, адиби маорифпарвар ва ходими сиёс?. Аввалин ношири р?зномаи ≪Самар?анд≫ (1913-1914) ва ма?аллаи “Ойна” (1914-1915) ва драматурги театри ?збек аст. [1] .

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Бе?буд? Ма?мудхо?а соли 1875 , д. Бахшитеппаи н. Тайло?и вилояти Самар?анд ба дунё омадааст. Мадрасаро хатм кардааст, касбаш аввал муфт? буд. Ба Миср , Туркия (1900-1914) ва ?азону Уфа (1903-1904) сафар кардааст. Барои Мактаб?ои усули ?адид китоб?ои дарс? ва дастур?ои ≪Мунтахаби ?у?рофияи умум?≫, ≪Китоб-ул-атфол≫, ≪Мухтасари таърихи ислом≫, ≪Амалиёти ислом≫, ≪Мадхали ?у?рофияи имрон?≫, ≪Мухтасари ?у?рофияи Русия≫ ва намоишномаи “Падаркуш”-ро таълиф намудааст, ки он соли 1913 нашр шуд ва мо?и январи с. 1914 онро ?аваскорони театри ша?ри Самар?анд ба са?на гузоштанд. Мураттиб ва ношири асари ≪Туркистон, Бухоро ва Хива харитаси≫ (≪Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хива≫), му?аррир ва ношири р?зномаи ≪Самар?анд≫ (1913-1914) ва ма?аллаи “Оина” (1914-1915). Барои нашри китоб ва дастур?ои дарс? дар ша?ри Самар?анд “Нашриёти Бе?буд?”-ро таъсис додааст. ?амчунин дар ша?ри Самар?анд барои а?олии ма?алл? нахустин китобхона ва ?ироатхона кушодааст. Ба ?авли Саидризо Ализода , “ин мутафаккири ягона ва файласуфи фарзонаро душманони маданият ва ва?шиёни ша?ид намуда, риши муборакашро ба хуни покаш рангин сохтанд”. Гимназияи № 1 ша?ри Ху?анд ба номаш гузошта шудааст. То соли 1936 ш. ?аршии ?ум?урии ?збекистон ба номи ? буд. [2]

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. Театральная энциклопедия. Том 1/Глав. ред. С. С. Мокульский - М.: Советская энциклопедия, 1961
  2. Бехбуди Махмуд Ходжа

Сарчашма [ вироиш | вироиши манбаъ ]