한국   대만   중국   일본 
Китоби Му?аддас ? Википедия Jump to content

Китоби Му?аддас

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Тасвире аз Китоби Му?аддаси Гутенберг

Кито?би Му?адда?с ( ар. ?????? ?????? ‎), Би?блия ( юн. βιβλ?α ? . аз βιβλ?ον ≪китоб≫) ? дар маънои кулл? ба куллияи китоб?ое , ки дар мазо?иб ва адёни мухталиф ба унвони ≪Китоби осмон?≫ пазируфта шудааст, итло? мегардад.

Китоби Му?аддаси масе?иён ба ду бахш А?ди ?адим ва А?ди ?адид та?сим мешавад, ки шомили 66 китоб аст. А?ди ?адим аз 39 китоб ва А?ди ?адид аз 27 китоб ташкил шудааст. ?ар бахш аз Тавроти А?ди ?адимро як сифр ва бархе дигар аз китоб?ои А?ди ?адимро са?ифа меноманд. А?ди ?адид низ ча?ор Ин?ил конн, рисолоти ?авориюни Масе? ва китоби Мукошифаро ташкил меди?ад.

Я?удиён тан?о А?ди ?адимро ба унвони китоби осмон? ?абул доранд, аммо бештари масе?иён кулли китобро ба унвони китоби осмон? пазируфтаанд. Бархе аз масе?иён, А?ди ?адимро ба унвони Китоби Му?аддас ?абул надоранд ва онро та?рифшуда медонанд [1] .

А?ди ?адим [ вироиш | вироиши манбаъ ]

А?ди ?адимро масе?иён ?амон муо?идаи (≪а?ди≫) ирфоние медонанд, ки Худованд дар замон?ои ?адим бо мардуми ?авме (я?удиён) бастааст. А?ди ?адим аз ?умлаи осори адабиёти я?удии А?ди ?адими аср?ои 12?2 то м. мебошад, ки ба забон?ои я?удии ?адим ва ором? таълиф шудаанд. Он бахши аз ?ама ?адимтари Китоби Му?аддас ма?суб мешавад, ки аз 39 китоб иборат буда, Каломи му?аддаси я?удия (Танах) ба шумор меравад. Православия ва католитеизм А?ди ?адимро иборат аз 50 китоб (11 китоб бештар аз я?удия ба забони юнонии ?адим) медонанд, ки православ?о ин 11 китобро мепазиранд, протестант?о он?оро (чун ба забони аслии я?удии ?адим навишта нашудаанд) ?абул надоранд. 27 китоби А?ди ?адид барои ?амаи масе?иён ягона мебошанд. ?амаи китоб?ои Китоби Му?аддас ба боб?о ва ?узъ?о ?удо карда шудаанд, ки он?о дар садаи XVI барои осон шудани и?тибос ва истинод ба он?о шуморагузор? шуда буданд. Ислом А?ди ?адим (Таврот) ва А?ди ?адид (Ин?ил)-ро дар а?коми худ истифода набурда бошад ?ам, он?оро му?аддас мешуморад. Зеро ашхоси ?ар ду ?исмати Китоби Му?аддас (Ибро?им, Юсуф, Исо ва диг.) дар ?уръон мав?еи му?им доранд. Я?уди?о китоби Танахро ба се бахш ?удо намудаанд: Таврот ё Пан?сирф ? пан? китоби Мусо пай?амбар (Тора); китоб?ои пай?амбарон (Небиум) ва мактуботи он?о (Кетубим). Ба охир? пан? китоб (Мегиллот)-ро нисбат додаанд, ки дар ид?ои бузург аз р?йи он?о ниёиш?ои маз?аб? сурат мегиранд. Китоб?ои пай?амбарон аз якчанд ?одиса?ои таърихии а?ди бостон ва Мактубот аз фаъолияти марбут ба воизони таърихии аср?ои 8?5 то м. ва ма?м?и матн?ои манзуму мансур иборатанд. Та?симоти фав? комилан шарт? буда, китоби Ясуъ бан? Новин аз бахши дуюм давоми муста?ими китоби Хур?? аз бахши аввал ба шумор меравад. Масе?иён А?ди ?адимро ба китоб?ои гуфтор?о, ом?зиш?о ва китоб?ои пай?амбарон та?сим намудаанд.

А?ди ?адид [ вироиш | вироиши манбаъ ]

А?ди ?адид муо?идаи тозаест, ки ба шарофати зу?ури Исои Масе? баста шудааст. ?амин гуна та?симот дар А?ди ?адид низ ву?уд дорад. Ба бахши гуфтор?о Ин?ил ва Афъоли ?аввориён, ба ом?за?о нома?ои ?аввориён (ма?м?ан 21 нома, ба ?аввори Павел, ба Пётр, Ю?анно, Яъ?уб, Я?узо) ва пай?амбарон Ва?йи Ю?аннои Ло?ут? ё Апокалипсис (пешг?и?о дар бораи мубориза?ои ни?оии хайру шар дар охирзамон) дохил мешаванд. А?ди ?адид аз ёдгори?ои адабиёти масе?ияти ибтидоии нимаи дуюми аср?ои 2?1 то м. иборат аст, ки асосан ба забони юнони ?адим навишта шудаанд.

Ом?зиш [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Китоби Му?аддас дорои маводди ?ании таърих?, тасаввуроту бовар?ои дин? ва гуфтор?ои хал?у миллат?ои ?авзаи мадании Ба?ри Миёназамин, санад?ои и?тимоию сиёсии сулола?о, шар?у баёни эъ?оз?о, пай?амбар? ва пешни?од?ои тиббию бе?дошт? мебошад. Дар китоб?ои А?ди ?адим маълумот дар бораи офариниши Оламу Одам, таърихи ?авму ?абоили я?уд? ва давлати я?удиён ироа шудаанд. Дар Ин?ил ?аёту фаъолият ва таълимоти Исои Масе?, дар Афъоли ?аввориён манбаъ?ои дини масе?? ва таърихи аввалин обшина?ои он оварда шудаанд. А?ди ?адим аз забони ?адимаи я?уд? ба забони ором? тар?има шуда буд ва дар аср?ои 2?3 тар?умаи Китоби Му?аддас ба забони лотинии ?адим сурат гирифт. Охир?ои садаи IV ва ибтидои садаи V он тавассути И. Блаженний ба лотин? баргардонида шуд.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. Абдулло? Ша?боз?. Рози густариши тамадуни ислом? дар Аврупо (форс?) . 16 августи 2018 сан?ида шуд.

Сарчашма [ вироиш | вироиши манбаъ ]


Пайванд?о [ вироиш | вироиши манбаъ ]