Гвадала?ара

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Ма?алли а?олинишин
Гвадала?ара
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-nah" does not exist.
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар   [[|]]
Ро?бар Pablo Lemus [d]
Таърих ва ?у?рофиё
Таъсис 1542
Масо?ат
  • 151,4 км²
Баландии марказ 1 566 ± 1 м ва 1 598 м
Минта?аи замон? CDT [d]
А?ол?
А?ол?
  • 1 460 148 тан ( 2010 )
Забони расм? испониё?
Шиноса?ои адад?
Пешшумораи телефон 33
Нишонаи почта 44100?44990 [1] ва 44700
guadalajara.gob.mx (исп.)
Нишон додан/Пин?он кардани харита
  Парванда?о дар Викианбор

Гвадала?ара , Гуадала?ара ( исп.   Guadalajara [?waðala?xa?a] ) ? ша?р дар маркази Мексика , маркази маъмурии иёлати Халиско.

Дар водии дарёи Рио-Гранде-де-Сантяго, дар баландии 1524 м аз с. б. во?еъ гардидааст. Масо?аташ 151 км². А?олиаш 1,5 млн нафар (2014, бо а?олии атрофаш 4,5 млн нафар). Соли 1530 бунёд ёфтааст, мав?еашро ду бор иваз кардааст. Аз соли 1542 дар ?ойи имр?зааш, дар водии Атемахак во?еъ аст. Аз соли 1560 пойтахти музофоти мустамликаи испании Галисаи Нав. Соли 1810 М. Идалго дар Г. ?укумати ин?илоб? таъсис намуд, вале соли 1811 аз тарафи испани?о бар?ам дода шуд. Баъди соли 1945 саноат дар Г. тара??? кард. Г. маркази му?имми савдо ва саноати мамлакат аст. Маркази технологияи нав (корхона?ои ширкат?о ва итти?одия?ои General Electric, IBM, Intel, Hitachi, Hewlett Packard, Siemens, Flextronics фаъолият доранд). Саноати автомобил?о, исте?соли компютер?о, кимиё, мебел, бофандаг?, д?зандаг?, чарму пойафзор, х?роквор?, аз ?унар?ои дат?, исте?соли маснуоти шишаг?, сафол?, заргар?, куло?и мексикоии самбреро рушд кардааст. Маркази ро??ои автомобилгард ва р.о. Фурудго?и байналмилалии Дон Мигел Идалго (17 км ?анубтари ша?р) ва фурудго?и ма?аллии Костиля, ду хатти трамвайи баландсуръат дорад. Дар Г. осори меъмории давраи мустамликадории Испания бо?? мондаанд: мас?иди ?омеи Биб? Марям Успения (1558?1618), ?аср?ои губернатор (1774) ва адлия (1588), калисо?ои Ла Мерсед (1650), Модархудои Му?аддас дел-Кармен, Арансасу (1752), Сан- Франсиско. Осорхона?ои палеонтолог?, кишваршинос?, суроб?ои мум?, меъмории ?арби Мексика, осорхона-устохонаи рассом Х. К. Ороско, театри Деголядо, оркестри симфон?, Донишго?и Гвадалахара, бо?и ?айвонот дорад. Дар музофоти Г. дараи Барранка де Облатос (дараи ≪ро?ибон≫), шаршараи Кола де Кабалйо (≪думи асп≫), базиликаи Сапонан, маркази ?унар?ои кулолии Тлакепаке ?ойгиранд. Дар наздикии Г. ша?раки Текила ? ватани машруботи маш?ури мексикаг? ≪текила≫ во?еъ аст.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Сарчашма [ вироиш | вироиши манбаъ ]