Волластон, Вилям Хайд

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Волластон, Вилям Хайд
Сурат
Таърихи таваллуд 6 август 1766 ( 1766-08-06 ) [1] [2] [3] […]
Зодго?
Таърихи даргузашт 22 декабр 1828 ( 1828-12-22 ) [1] [2] [3] […] (62 сол)
Ма?алли даргузашт
Кишвар
Пеша шимидон , физикдон , му?андис , metallurgist , ахтаршинос
Падар Francis Wollaston [d] [4]
Модар Althea Hyde [d] [4]
?оиза?о
  Парванда?о дар Викианбор

Вилям Хайд Волластон ( англ.   William Hyde Wollaston ; 6 августи 1766  ? 22 декабри 1828 ) ? физикдон ва кимиёдони англис.

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Хатмкардаи Университети Кембри? (1798). Котиби ?амъияти шо?ии Лондон (1804 ? 20). Новобаста аз М. Риттер соли 1801 афканишоти ултрабунафшро кашф кард, рефрактометр (1802) ва гониометри инъикоскунандаро сохт (1809). Маншур (призма)-и ?утбноккунандае, ки шуои р?шноиро ду баробар инкисор мекунад (мешиканад), ба ифтихори ? номгузор? шудааст. В. унсур?ои палладий (1803) ва радийро (1804) кашф карда, усули нодири тоза кардани платина, усули ба даст овардани лав?ача?ои тунуктарин ва но?ил?ои нозуки филизз? (тори платинагии 0,01 мм барои визири телескоп)-ро та?ия (1813) ва ?адвали вазн?ои эквивалентии унсур?оро барои оксиген, ки дар он давра са?е?тарин буд, пешни?од намуда, унсури галваниро ихтироъ кард, ки то ?ол номи ?ро дорад. В. дар ом?зиши минерал?о низ комёб шуда, дар ин замина шпати тахтасанг? аз синфи силикат?о ба ифтихори ? (волластонит) номгузор? шудааст.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. 1.0 1.1 Bibliotheque nationale de France идентификатор BNF   (фр.) : платформаи дода?ои боз ? 2011.
  2. 2.0 2.1 Usselman M. C. Encyclopædia Britannica   (ингл.)
  3. 3.0 3.1 RKDartists   (нидерл.)
  4. 4.0 4.1 Kindred Britain

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  • Волластон, Вильям Хайд. Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона, СПб., 1890?1907.

Сарчашма [ вироиш | вироиши манбаъ ]