한국   대만   중국   일본 
Ибни Сино ? Википедия Jump to content

Ибни Сино

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
(Та?йири масир аз Абуалии Сино )
Ибни Сино
форс?: ??? ????
Таърихи таваллуд 980 [1] [2] [3]
Зодго?
Таърихи даргузашт 18 июн 1037
Ма?алли даргузашт
Кишвар
Фазои илм? пизишк? , атрдармон? [d] , фалсафа , манти? , илми калом , шеър , ило?иёт , улуми Замин [d] , фалсафаи илм [d] , физик , равоншинос? , ахтаршинос? , кимиё , заминшинос? ва механика
Шогирдон Ба?манёр
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовард?о дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
  Парванда?о дар Викианбор

Аб?ал? ?усейн ибни Абдулло? ибни ?асан ибни Ал? ибни Сино маш?ур ба Аб?ал? ибни Сино ( форс?: ?????? ???? ‎; 980 [1] [2] [3] , Афшона , Мовароунна?р , Давлати Сомониён [1] ? 18 июн 1037 , ?амадон , Kakuyids [d] [1] ) ? яке аз бузургтарин донишмандону пизишкони сада?ои миёна дар ?а?он; ахтаршинос , кимиёдон , заминшинос , манти?дон , риёзидон , физикдон , равоншинос , файласуф ва муаллими бузурги форсу то?ик [5] [6] [7] [8] [9] [10] аст.

Ибни Сино беш аз 450 рисолаи дар абвоби мухталифи илм навишта, ки то замони мо тан?о 240-то аз он ма?фуз мондаанд. Ин рисола?о аксар со?а?ои илмро фаро?ам гирифта, хусусан, 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар са?аи пизишк? ?астанд. Маъруфтарин асар?ои ? ≪аш-Шифо≫ ва ≪ал-?онуну фи-т-тиб≫ ?астанд, ки аз бузургтарин донишнома?ои тахассус? ва фалсафии буда ва дар донишго??ои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.

Аб?ал? Сино дар рушди илми тиб са?ми бени?оят арзандае гузоштааст, ки аз та?риба?ои худ, илми пизишкии олими юнон? Гален , метафизикаи Арасту , илми пизишкии Эрони бостон , Байнанна?райн ва ?инди бостон сарчашма гирифта, он?оро ?ам?оя анд?хтааст. Сино ?амчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болин? шумурда мешавад.

Вай боз асосгузори манти?и сино?, мактаби фалсафии сино? аст. ? ?амчу падари маф?уми фундаменталии физикии моменти ?исм низ маъруф аст. Вайро ?амчунин ≪падари геология≫ низ мешиносанд, ки дар ?онуни суперпозитсияи геолог? са?ми арзанда гузоштааст.

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

?аёти барва?т? ва та?силот [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Нусхаи лотинии ≪ал-?онуну фи-т-тиб≫

?усайн ибни Абдулло? ибни ?асан ибни Ал? ибни Сино соли 980 дар де?аи Ла?-Ла?а ( Афшонаи ?озира), дар ша?ри Бухоро дар оилаи то?ик ба дунё омадааст. Падари ? Абдулло? олими исмоилии баобр?е аз Балх буда, дар дарбори подшо? кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ?ини зодр?зи ?усайн падараш ?амчу ?окими яке аз вилоёти амири Сомониён Н??и II ибни Мансур (976-997) кор мекард. Аз ин р?, писарашро дар мактаб?ои бе?тарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ?офизаи ?ав? ва а?лу тамизи ол? дошт, ки дар синни ча?орда?солаг? тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тар?умаи ?оли худ оварда, ки дар ?ажда?солаг? дигар барояш ?еч чизе намонда буд, то биом?зад.

Аб?ал? ибни Сино парвардаи му?ити фар?ангии Сомониён буд. Вале ?исми зиёди умри вай пас аз фур?пошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ?одиса?ои муд?иши нимаи аввали асри XI сипар? гардид. ? го? чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фа?е?у вазир, ?атто замоне чун ма?буси зиндон? умр ба сар бурда, го?е чун надими хосси подшо?ону маликон низ р?згор паси сар кардааст. Аммо ? ла?зае аз ом?зиш ?афлат наварзида, аз паж??иш ва кор?ои илм? фори? набудааст.

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии он?о маълумоти ани?е дастрас нест, сана?ои зиёде аз р?згори Аб?ал? ибни Сино маълум аст. Р?згор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Аб?убайд Фа?е?ии ?уз?он? имло шудааст. Во?еаву ?одиса?ои 25 соли охири умри Синоро Аб?убайд, ки ?амеша ?амро?и устод ва шо?иди рухдод?о буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи ≪Рисолаи саргузашт≫ маълум буда, дар асли араб? ва тар?ума?о ба забон?ои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Аб?ал? ? Абдулло? ибни ?асан ибни Ал? ибни Сино ном дошт ва аслан аз а?ли Балх буд. Вай дар замони Н?? ибни Мансур ба Бухоро омада, дар де?аи Афшона (Рометани имр?за) ба кори мулк? шу?л варзид. Вай дар де?аи Афшона бо Ситорабону ном де??ондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ?ро ?усайн ном ни?оданд.

Соли 985 оилаи Ибни Сино, ва?те ки ? ба синни пан?солаг? мерасад, аз Афшона ба Бухоро к?чид. Абдулло?, ки аз шахсони фозил ва маърифатд?ст буд, ?усайнро ба мактаб монд. Вай аз пан?олаг? то да?солаг? дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу на?ви забони арабиро ом?хт, илм?ои адабро аз худ кард. Ба илм?ои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу на?в хаттот?, маъон?, ?ироат, ар?з, ?офия, лу?ат, имло, услубшинос? ва амсоли ин?о дохил мешуданд. Ни?оят ?усайн ?уръонро ом?хта онро ?ифз намуд.

Минбаъд Ибни Сино ла?аби Шайхро гирифт, зеро дар касе, ки ?уръонро аз ёд мекард ?ро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдулло? писари худро аз мактаби ибтидо? гирифта, назди муаллимони хусус? гузошт, ки он?о асос?ои илмро ба ? ом?хтанд. Ибни Сино аз ?и?ати ?исмон? бену?с, дар ?усну хул? зебо буда, зе?ни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин ом?згорон ба ?айрат мемонданд. Дар он овон ?усайнро падараш назди Абдулло?и Массо?, ки аз донишмандони со?аи ?исобу ?андаса буд, ба шогирд? гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак ва?т ?исобу ?андасаро ом?хта, дар ом?зиши ин илм муваффа? шуд. Бар замми ин, Ибни Сино дар назди Исмоили Зо?ид ду сол ба ом?хтани тафсири ?уръон, ?адиси пай?амбар ва фи?? мепардозад. Ба ?амин тари?, ? то 12 солаг? дар тафсир , ?адис ва фи?? ма?орат пайдо кард. Вай ?амеша чун бе?тарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи ба?с, одоби музокира, тарз?ои эътироф ба ?ариф ва ?усни му?овараро на?з ом?хта буд. Исти?лоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин нав?авони дар ро?и илм пешрав буд. Дар масъала?ои маслаку мафкура ? исти?лоли худро ?атто аз падари хеш ?ам ниго? медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.

Ибни Сино то 15-солаг? илм?ои табииёт, ило?иёт, фалсафа, ?икмати ило??, ну?ум, муси?ии назар?, геометрия, математика ва амалиро муста?илона ом?хта, дар 16-солаг? ба ом?хтани илми тиб маш?ул шуд.

Аб?ал? илми тибро аз Аб?мансур ?асан Камарии Бухоро?, ки табиби дарбори Н?? ибни Мансур буд, ом?хт. Аслан ом?зиши илми тибро ? дар 12-солаг? шур?ъ карда буд, вале ба масли?ати Аб?са?ли Масе?? аз идомаи та?сил худдор? намуда, чанде тава??уф намуд. Ба ?амин тари?, Аб?ал? дар 16-солаг? чун як табиби ?ози? дар тамоми Бухоро шинохта шуд. ?амчунин ба такмили дониши худ дар со?аи илми фи??, манти?, фалсафа, табиатшинос?, риёзиёт ва илми илох? баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Аб?ал? шахси ни?оят пуркор, ?идди ва ме?натд?ст буд. Нафа?ат а?ли расо ва ?обилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии ? мешуд, балки к?шиши ами?, сабру то?ат ва ?а?ду талош?ояш низ воситае буд, ки пир?з? ва комёби?ои маънавии ?ро таъмин мекард. Доир ба та?сили илм мегуяд:

« Ягон шаб пурра нахуфтаам ва р?зона ба ?уз ом?хтани илм ба коре маш?ул нашудаам. »

Аб?ал? то 18-солаг? тамоми дониш?ои расм? ва ?айри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:

« Чун ба 17-солаг? расидам, аз ом?хтани ?амаи ин илм?о фори? шудам. Он р?з дар илм бе?тарин ?ифзкунанда будам, имр?з пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст. »

Аб?али ибни Сино ?а? дошт, ки он ва?т биг?яд:

«
?? ??? ?? ???? ?? ??? ???
???? ??? ?????? ???? ?? ??
????? ???? ???? ?? ??? ? ???
?? ??? ????? ?? ??? ??? ???

Аз ?аъри гили сиё? то ав?и Зу?ал,
Кардам ?ама мушкилоти гетиро ?ал.
Берун ?астам зи ?айди ?ар макру ?иял,
?ар банд кушода шуд, магар банди а?ал.
»

Мероси илм? ва адаб? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Нусхаи арабии Ал ?онун-фит-Тиб

Аб?ал? дар ?а?он аз пурма?султарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти э?одии вай аз 17-18 солагиаш дар сол?ои 996-997 шур?ъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. ? осори насриву назмиашро ?ам ба араб? ва хам ба то?ик? э?од кардааст. Сабаби бисёре аз асар?ои худро ба забони араб? навиштани Аб?ал? он аст, ки забони араб? дар он замон ?амчун забони илму маданият шинохта шуда буд. ?амчунин китоб?ои зиёди илмию ахло?ии юнон?, иброн?, ?инд? ва па?лав? ба забони араб? тар?ума шуда, истило?оте, ки маф?ум?ои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони араб? барои ?амаи донишмандони аср?ои X-XI фа?мо буда, дарси мадраса?о ба ин забон мегузашт. Осори Аб?ал? ни?оят зиёд аст. Аз р?йи тад?и? ва ?исоби донишманди маш?ури эрон? Саид Нафис? (1896-1966) ми?дори асар?ои Аб?ал?, ки ал?ол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхона?ои давлат? ва шахсии олам 162 асари ? ниго? дошта мешавад. Аз ?умла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне то?ик? э?од шудааст. ?амчунин як ми?дор шеър?ои то?икии Аб?ал? низ ба замони мо расидаанд. Асар?ои Аб?ал? аз ?ихати ?а?м хеле гуногун буда, аз рисола?ои мухтасар то асар?ои чандин?илда иборат мебошад. Асари ≪Китобулинсоф≫, ки аз байн рафтааст, дар 20 ?илд, ≪Ал?осил вал ма?сул≫ дар 20 ?илд, ≪Китобушшифо≫ дар 18 ?илд, ≪Лисонулараб≫ дар 10 ?илд, ≪Ал-?онун≫ дар 5 китоб, ≪На?от≫ дар 3 ?илд э?од шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мав?уда на?ши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърих?, мадан? ва илм? моликанд. Тамоми асар?ои ?ро метавон ба 4 гуру? та?сим кард:

  1. Асар?ои доир ба ?икмат, фалсафа ва ахло? ва манти?.
  2. Асар?о оид ба тиб.
  3. Асар?о доир ба илм?ои да?и?.
  4. Асар?о ро?еъ ба забону адабиёт ва санъат.

Бисёре аз асар?ои Сино тан?о ро?еъ ба як со?а ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан ≪Донишнома≫ аз боб?ои манти?, ило?иёт , табииёт, ?айат ва муси?? таркиб ёфтааст.

Нусхаи хаттии ≪Ал-?онун фи-т-тиб≫-и Аб?ал? ибни Сино, ки соли 1030 дар Ба?дод навишта шудааст, имр?з?о дар Институти дастхат?ои Академияи улуми Озарбай?он,Боку ма?фуз аст.

Ибни Сино ? адиб [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Дар таърихи адабиёти форсу то?ик Ибни Сино ?амчун шоири ориф эътироф гашта, му?имтарин ?исмати осори адабии ?ро шеър?о ташкил медиханд. ?асида ва ?азал?ои шоир тасаввуф? ва ахло?ианд. Вале рубои?ои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ?икматом?зи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати и?тимо? ва шахсияти шоирро р?намо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки ро?еъ ба масоили и?тимо? ва ахло?? э?од шудаанд, манзур мегардад:

« Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме?
Гар му?билам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ?азор дида бигристаме!
»
« ?ар ?айату ?ар на?ш, ки шуд ма?в кунун,
Дар махзани р?згор гардад махзун.
Рафт он гу?аре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
»
« Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ?а?л, ки донои ?а?он эшонанд.
Хар бош, ки ин ?амоа аз фарти хар?,
?ар к-? на хар аст, кофираш мехонанд.
»
« Эй нафс, ки бастаи ?авои ?авас?,
Биштоб, ки дар ?имояти як нафас?.
Дунё маталаб, ?о? ма??, ишва махар,
К-аз д?ст бароиву ба душман бирас?.
»
« Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки маф?ум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ?еч маълум нашуд.
»
« Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як м?й надонист, вале м?й шикофт.
Андар дили ман ?азор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае ро? наёфт.
»
« ?а? ?они ?а?он асту ?а?он ?умла бадан,
А?носи малоика ? хавоси ин тан.
А?ром аносиру маволид аъзо,
Тав?ид ?амин асту дигар?о ?ама фан.
»
« Бо ?ар хасе зи р?и ?аво д?ст? мадор,
Дар к?и мардумон зи паи д?ст? мап?й.
Гар боядат, ки кам нашавад обр?и ту,
Фармону ихтилоти фур?моягон ма??й,
»
« Эй зоти ту мар ву?удро буда асос,
?уз зоти ту нест ?еч кас зотшинос.
Касро ба камолу кун?и зотат ра? нест,
Бар феъли ту мекунанд зоти ту ?иёс.
»
« Куфри чу мане газофу осон набувад,
Ма?камтар аз имони ман имон набувад.
Дар да?р чу ман якеву он ?ам кофир,
Пас дар ?ама да?р як мусулмон набувад
»

Ёддошт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Некдошти устод [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Дар То?икистон барои гиромидошти Аб?ал? ибни Сино бо ?арори КМ ?КТ ва Ш?рои Вазирони ?ШС То?икистон ?оизаи давлатии То?икистон ба номи Ибни Сино  ? ?ойизаи олии ?ум?урияв? дар со?аи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишго?и давлатии тиббии То?икистон ба номи Аб?ал? Ибни Сино , майдону хиёбон?о, ма?алаву ?амоат?о ва пайкараву нимпайкара?о гузошта шудаанд.

  • Соли 1999 пули миллии То?икистон, 20 сомон? бо расми Ибни Сино баромад.
  • Дар соли 1980 дар ?ШС ?збекистон 1000 солагии Ибни Сино ?ашн гирифта шуд ва китоби ≪Канон врачебной науки≫ дар 5 ?илд аз чоп баромад.
  • 4 июли соли 2006 бо ?арори ?укумати То?икистон ?уллаи Ленин ба номи Аб?ал? Ибни Сино гузошта шуд.
  • Карл Линней ба шарафи Ибни Сино номи растаниеро Авитсенна гузошт.

Ибни Сино дар синамо [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Нигористон [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Нашри э?одиёти ?, бо забони рус?
  • Ибн Сина. Даниш-намэ. Книга знания. ? Сталинабад, 1957.
  • Ибн Сина. Канон врачебной науки : В 5 т. ? Ташкент, 1956?1960.
  • Ибн Сина. Математические главы ≪Книги знания≫. ? Душанбе, 1967.
  • Серебряков С.Б. Трактат Ибн Сины (Авиценны) о любви . ? Тбилиси: Мецниереба, 1976.
  • Ибн Сина. Избранное. ? М.: Книга, 1980.
  • Ибн Сина. Избранные философские произведения. ? М.: Наука, 1980.
  • Аль-Бируни, Ибн-Сина. Переписка. ? Таш­кент: Фан, 1973.
Нашри э?одиёти ?, бо забони то?ик?
Дар хусуси ?
  • Ахадова М. А. Арифметическая часть ≪Книги знания≫ Ибн Сины. Геометрическая часть ≪Книги знания≫ Ибн Сины // Учёные записки Бухарского госпединститута. ? 1964. ? № 12.
  • Джибладзе Г. Н. Системы Авицены: Абу Али Ибн-Сина. Экзотерический очерк. (Некоторые обобщения и материалы). ? Тбилиси, 1986.
  • Диноршоев М. Натурфилософия Ибн Сины. ? Душанбе, 1985.
  • Завадовский Ю. Н. Абу Али Ибн Сина: Жизнь и творчество. ? Душанбе, 1980.
  • Лютер И. О. Метафизика Ибн Сины: угол ? отношение, качество, положение или всё-таки количество? // Историко-математические исследования. ? 2003. ? № 8(43). ? С. 278?302.
  • Петров Б. Д. Ибн Сина (Авиценна). ? М.: Медицина, 1980.
  • Сагадеев А. В. Ибн Сина (Авиценна). ? М., 1985.
  • Шидфар Б. Я. Ибн Сина. ? М., 1981.
Бо дигар забон?о
  • Gardet L. La pense religieuse d Avicenne (Ibn Sina). ? Paris, 1951.
  • Morewedge P. The metaphysica of Avicenna. ? London, 1973.
  • Nasr S.H. Three Muslim Sages. Avicenna. ? Suhrawardi ? lbn Arabi. ? Cambridge (Mass.), 1964.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Авиценна   (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский ? СПб. : Брокгауз ? Ефрон , 1890. ? Т. I. ? С. 82.
  2. 2.0 2.1 Сина, Абу-Али ибн-Хусейн ибн-Абдалла ибн-   (рус.) // Еврейская энциклопедия ? СПб. : 1913. ? Т. 14. ? С. 254.
  3. 3.0 3.1 Авиценна   (рус.) // А ? Аколла ? 1926. ? Т. 1. ? С. 174?175.
  4. http://www.britannica.com/EBchecked/topic/45755/Avicenna/517/Additional-Reading
  5. * Paul Strathern (2005). A brief history of medicine: from Hippocrates to gene therapy . Running Press. p. 58. ISBN   978-0-7867-1525-1 .   (пайванди дастнорас)
  6. * Brian Duignan (2010). Medieval Philosophy . The Rosen Publishing Group. p. 89. ISBN   978-1-61530-244-4 .  
  7. * Michael Kort (2004). Central Asian republics . Infobase Publishing. p. 24. ISBN   978-0-8160-5074-1 .  
  8. * Ibn Sina (≪Avicenna≫) Encyclopedia of Islam . 2nd edition. Edited by P. Berman, Th. Bianquis, C.E. Bosworth, E. van Donzel and W.P. Henrichs. Brill 2009. Accessed through Brill online: www.encislam.brill.nl (2009) Цитата: ≪He was born in 370/980 in Afshana, his mother’s home, near Bukhara. His native language was Persian.≫
  9. * A.J. Arberry , ≪Avicenna on Theology≫  ? KAZI PUBN INC, 1995. excerpt: ≪Avicenna was the greatest of all Persian thinkers; as physician and metaphysician≫
  10. * Henry Corbin , ≪The Voyage and the messenger: Iran and Philosophy≫ . ? North Atlantic Books, 1998. ? P. 74 Цитата: ≪Whereas the name of Avicenna (Ibn sinda, died 1037) is generally listed as chronologically first among noteworthy Iranian philosophers, recent evidence has revealed previous existence of Ismaili philosophical systems with a structure no less complete than of Avicenna≫ .
  11. Филми ≪?авонии Бузургвор≫ (рус.) на сайте youtube .

Сарчашма [ вироиш | вироиши манбаъ ]