한국   대만   중국   일본 
Абдулазизи Маро?а? ? Википедия Jump to content

Абдулазизи Маро?а?

Мавод аз Википедиа ? донишномаи озод
Абдулгадир Мараги
форс?: ????????? ?????
Ном ба ?ангоми таваллуд: Абдулази?зи Маро?а? Нуриддин ибни Абдура?мон
Ма?алли даргузашт: Исфа?он
Навъи фаъолият: муси??
Забони осор: порс? , араб?

Абдулази?зи Маро?а? ( форс?: ????????? ????? ‎; нимаи дуюми садаи XV ? аввали садаи XVI) ? о?ангсоз , сароянда , навозанда ва муси?ишиноси форс-то?ик, писари Нуруддин ибни Абдура?мон .

Зиндагинома [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Дар де?аи Нойини вилояти Исфа?он таваллуд шуда, дар Исфа?он фавтидааст. Набераи устоди бузурги муси?? Абдул?одири Г?янда . Асос?ои илмию амалии муси?иро аз падараш ом?хтааст. Аз ?авон? дар сурудхон?, сознавоз? (барбат, най, ?онун ва ?айра) ма?орати хуб пайдо намуда, сабки бобояшро идома меди?ад. ? муддате дар Шероз, Маро?а, Исфа?он, ?ирот зиста, таркиботи муси?ии назарияв? ва амалиро ом?хтааст. Поёни умр ба Рум рафта дар борго?и сулолаи Оли Усмон аввал чун котибу китобдор, баъд чун созандаву сароянда хидмат кардааст.

Осор [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Абдулазизи Маро?а? баробари такмили санъати муси?ии амал?, инчунин оид ба ?оида, масъала?ои му?ими и?рокунандаг?, тартиботи ма?ом?о асари назариявие бо унвони ≪На?авоту-л-адвор≫ иншо намуда, онро ба Султон Сулаймон (Оли Усмон) бахшидааст. ? дар асараш ну?таю андеша?ои та??и?ии бобо ва падарашро идома дода, аз ?умла дар таснифоти соз?о, фосилаю зарб, тартиби ма?ом?о, инчунин баъзе гуфта?ои носа?е?и Абулмуъмини Сафиуддинро пурра кардааст. Масалан ? дар асоси асар?ои бобояш Абдул?одири Г?янда ≪Ма?осиду-л-ал?он≫, ≪?омеъу-л-ал?он≫, ≪Ла?ния≫, ≪Канзу-л-ал?он≫ ва рисолаи падараш ≪Ма?осиду-л-адвор≫ сохт, тартиби пурраи 84 доираи Абулмуъмини Сафиуддин ва 7 доираи афзудаи бобояшро тафсир дода, ну? доираи дигар илова кард ва адади онро ба сад расонид. Абдулазизи Маро?а? дар сохти торию пардавии соз?ои тории мизроб? низ та?йироте дароварда, онро дар мисоли уд та??и? намуд ва ба теъдоди тор?ои он тори иловагиеро бо номи ≪мукаммал≫ афзуд. ≪На?авоту-л-адвор≫-и Абдулазизи Маро?а? дар китобхона?ои Туркия ва Британияи Кабир ма?фуз аст.

Эзо? [ вироиш | вироиши манбаъ ]

Адабиёт [ вироиш | вироиши манбаъ ]

  • Ра?абов А., Афкори муси?ии то?ик дар аср?ои XII?XV, Д., 1989;
  • Донишномаи Шашма?ом, Д., 2009.